Сафари кории раиси КДАМ Тоҷикистон ба Тошканд

Бо даъвати раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов 16 апрел бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд рафт. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи нуқтаи гузаргоҳӣ-назоратии «Фотеҳобод» С. Ятимов ва ҳайати ҳамроҳонашро раиси ХАД ҶӮ И. Абдуллоев пешвоз […]

АМИТ «Ховар»

Бо даъвати раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов 16 апрел бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд рафт.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи нуқтаи гузаргоҳӣ-назоратии «Фотеҳобод» С. Ятимов ва ҳайати ҳамроҳонашро раиси ХАД ҶӮ И. Абдуллоев пешвоз гирифт.

Гуфта мешавад, зимни музокирот роҳбарони хадамоти махсуси ду давлати бародар оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин мушкилоти амнияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Тадбирҳои муштарак барои мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла пешгирии фаъолиятҳои ҷинояткоронаи созмонҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгаро муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо доир ба ҳамоҳангсозии амалҳо ва татбиқи чораҳои дар ин самт мувофиқашуда ба созиш расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.