Иҷозатномаҳо ба низомҳои пардохтӣ тибқи қонунгузории нав

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба чанде аз операторони низоми пардохтӣ барои амалисозии фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ба БДА ҶТ “Амонатбонк” (Низоми пардохти “Корти миллӣ”), ҶДММ Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” (Низоми пардохти “Вестерн Юнион”), Виза Интернешнл Сервис Эсосиейшн ва Мастеркард Европа СА барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Қайд мешавад, ки тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” операторони низомҳои пардохтӣ то 2 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

«Ҳиссаи зиёди низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро дар моҳҳои январ-феврали соли 2018 пешниҳод намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳуҷҷатҳо бо тартиби навбатнокии воридшавӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ баррасӣ гардида, дар давраи баррасии ҳуҷҷатҳо фаъолияти низомҳои пардохтӣ маҳдуд карда намешавад», – таъкид мегардад дар маълумот.

Дар БМТ қайд мекунанд, ки операторони низомҳои пардохтие, ки иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро мегиранд, уҳдадор гардидаанд, ки талаботҳои қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро риоя намоянд.

Гуфта мешавад, маълумот оид ба операторони низомҳои пардохтие, ки иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро гирифтаанд, ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид карда мешавад. Шакли электронии Феҳристи операторони низоми пардохтӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj дастрас мебошад.

Таъкид мешавад, ки ташкилотҳои қарзӣ ва операторони низомҳои пардохтӣ ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ бояд муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”-ро риоя намоянд.

«Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми ҳамкорӣ намудан бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва платформаҳои пардохтии хориҷӣ талаботҳои санадҳои меёрии ҳуқуқии БМТ-ро вобаста ба мушаххас намудани шахсияти муштарӣ – шахси воқеӣ ба инобат гирифта, ба амалиётҳои ғайриқонунӣ ва шубҳанок бояд роҳ надиҳанд», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо таҳвилгари хизматрасонии пардохтие, ки ташкилоти қарзӣ мебошад, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электрониро дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...