Тоҷикистону Ӯзбекистон ба поккории сарҳади умумӣ аз минаҳо оғоз мекунанд

Имрӯз оид ба масъалаи безарар гардонидани иншооти муҳандисӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон. «Ба гумони ғолиб эҳтимол меравад, ки тозакунии қаламрави минакоришуда дар сарҳади давлатҳо нимаи моҳи май оғоз шавад», – қайд кард манбаъ. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз пешниҳоди […]

Имрӯз оид ба масъалаи безарар гардонидани иншооти муҳандисӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

«Ба гумони ғолиб эҳтимол меравад, ки тозакунии қаламрави минакоришуда дар сарҳади давлатҳо нимаи моҳи май оғоз шавад», – қайд кард манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз пешниҳоди маълумот дар бораи айни замон боқӣ мондани минаҳо маҳз дар кадом қитъаҳои сарҳад худдорӣ намуд.

«Чунин маълумот махфӣ аст, лекин ман бовар дорам, ки вақте ҷараёни поккорӣ аз минаҳо оғоз мегардад, намояндагони ВАО-ро барои мушоҳида даъват мекунанд», – таъкид дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 27 майи соли 2016 лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо»-ро дастгирӣ кард.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон директори Маркази миллии масоили минаи Тоҷикистон Муҳаббат Иброҳимзода қайд кард, ки тайи 20 соли ахир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 нафар тоҷикистониён ҷароҳат бардоштаанд. «Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд», – гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки дар ин давра дар Тоҷикистон 16,3 километри мураббаъи қаламрав аз мина поккорӣ ва ҳудуди 56 ҳазор мина ва 41 кило маводи тарканда безарар шудаанд. «Айни замон дар кишвар қаламрави андозааш 10,3 ҳазор километри мураббаъ, асосан дар ноҳияҳои тобеи марказ ва қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон аз мина безарар гардонида нашудаанд», – иброз дошт номбурда.

Дар посух ба саволи Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир ба мушкилоти поккории мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, М. Иброҳимзода зикр кард, ки то ҳалли масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳаллу фасли мушкилоти мазкур ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз солҳои 90-ум бо ташаббуси Тошканд қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон минакорӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 корҳои аз мина безарар гардонидани сарҳади умумиро ба итмом мерасонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.