Журналисти ӯзбек: «Хуш омадед», лекин… инсоф ҳам лозим аст!

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Журналистони ӯзбек аз ронандагони тоҷик бо рақамҳои пурдабдаба дархост кардаанд, ки талаботи қонунҳои Ӯзбекистонро риоя намуда, таассуроти хуш ва ба ҳам пайвастани деринтизори ду халқро халалдор насозанд.

Журналисти ӯзбек Каримбердӣ Тӯрамурод ба меҳмонон аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз рӯи одоб амал намуда, ба қонунҳои маҳаллӣ арҷ гузоранд.

«Мошинҳои тамғаи хориҷии сайёҳони тоҷик бо рақамҳои пурдабдаба ва шишаҳои сиёҳшуда, ки дар кӯчаҳои шаҳрҳои Ӯзбекистон босуръат ҳаракат мекунанд, аҳолии маҳаллиро ба ҳаросу оварда, ошуфта месозад», – чунин мешуморад ӯ.

Муаллифи сомонаи www.xabar.uz аз ифтитоҳи сарҳад байни давлатҳо ва ба дидори ҳам расидани хешону наздикон аз ҳарду ҷониб изҳори хушнудӣ намуда, ба чанде аз мушкилот низ ишора мекунад.

«Рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Самарқанд нисбат ба мошинҳои маҳаллӣ мошинҳо бо рақамҳои Тоҷикистон бештар буданд. Аз мошинҳои тамғаи хориҷӣ бо рақамҳои пурдабдаба, масалан чор рақами «4» ва «7», ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекарданд, аксарият ошуфта шуданд», – қайд мекунад журналист.

Бино ба маълумоти онҳо, ронандагони тоҷик суръати ҳаракатро баланд карда, дар ранги сурхи чароғакҳои роҳ мошинро нигоҳ намедоранд.

«Хешовандони муҳтарам! Ҳаракат бо суръати баланд бо риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ натанҳо ҳаёти шаҳрвандони мо, балки ҳаёти худи шуморо низ зери хатар мегузорад. Ғайр аз ин, сиёҳ кардани шишаи автомашина дар Ӯзбекистон манъ аст ва ин метавонад ронандагони ӯзбекро низ ошуфта сохта, рӯзи дигар онҳо низ чунин талабҳо кунанд. Дар робита ба мошинҳои хориҷии гаронбаҳои шумо: чунин мошинҳо дар Ӯзбекистон ҳам зиёданд. Вале мо ватандӯстем ва ба автомашинаҳои худамон афзалият медиҳем. Агар бо рақамҳои ғайриоддии худ бифахред, мо ҳам чунин рақамҳо дорем, ки беш аз сесад миллион сум нарх доранд. Биёед, беҳтараш оид ба дуруст рондани мошинҳо мусобиқа мекунем», – муроҷиат мекунад журналист ба ронандагони тоҷик.

Ӯ қайд мекунад, ки аҳолии Ӯзбекистон аз он нигарон аст, ки боз шудани сарҳад ва барқарор кардани муносибатҳои ҳамҷаворӣ баъди солҳои тӯлонӣ дар натиҷаи амали чунин шахсон метавонад боз ба бадбинӣ ва баста шудани роҳҳо боис гардад.

«Мо ба шумо мегӯем, ки «Хуш омадед», лекин шумо ҳам вақте ки назди мо меоед, нисбати мо эҳтиром гузоред, талаботи қонунҳои моро иҷро кунед. Танҳо дар ин ҳолат дӯстии мо таҳким ёфта, зиндагиамон боз хушу гуворотар мешавад», – мегӯяд журналист.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...