Волидони Кароматулло ёфт шуданд: модараш бемору падараш ҳамроҳи онҳо нест

Кормандони милится волидони писарчаи панҷсолаи гумшуда Кароматуллоро, ки муддати 16 рӯз дар қабулгоҳи ВКД қарор дошт, дарёфт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, Кароматулло Мирзоев, сокини ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро аз қабулгоҳ яке аз хешовандонаш – Холнисо Мирзоева гирифтааст. «Ӯ хабар дод, ки модари писарча – Зебуннисо Ҳакимова рӯҳан […]

Кормандони милится волидони писарчаи панҷсолаи гумшуда Кароматуллоро, ки муддати 16 рӯз дар қабулгоҳи ВКД қарор дошт, дарёфт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, Кароматулло Мирзоев, сокини ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро аз қабулгоҳ яке аз хешовандонаш – Холнисо Мирзоева гирифтааст.

«Ӯ хабар дод, ки модари писарча – Зебуннисо Ҳакимова рӯҳан бемор буда, Кароматуллоро онҳо худашон кофтаанд ва танҳо пас аз чанд рӯз баъди воқиф шудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар қабулгоҳи ВКД аст, ба милитсия муроҷиат кардаанд», – гуфт котиби матбуотии Вазорат.

Ба қавли ӯ, Кароматулло вақте гум шудааст, ки бо модараш ба Душанбе барои дидорбинии бародари калониаш омадаанд, ки дар яке аз интернатҳои пойтахт таълиму тарбия мегирад.

«Волидони Кароматулло ҷудо шудаанд ва падараш – Қурбон Мирзоев бо кӯдакон зиндагӣ намекунад», – қайд карданд дар ВКД ва илова намуданд, ки акнун Кароматулло дар оилаи аммааш – хоҳари падараш зиндагӣ хоҳад кард.

Аввали моҳи апрел ВКД ҳамчунин дар бораи бедаракшавии Ёсинҷон Мирови 4-сола, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ низ хабар дода буд.

Ёсинҷон Миров субҳи рӯзи 1 апрел аз хона баромада, бо ҳамин дигар барнагаштааст. Муддати 17 рӯз аст, ки аз ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки агар касе дар бораи Ёсинҷон ягон маълумоте дошта бошад, бо телефони 221-21-21 ё 93 121-50-01 ба ВКД занг занад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.