Дар рӯйхати Бонки миллӣ Додоҷони Атовулло аз Муҳиддин Кабирӣ ҷудо шуд

Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба руйхати миллии шахсони воқеие, ки бо терроризм ва экстремизм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид намуд. Феҳристи миллии ягонаи қаблан мавҷудаи шахсони воқеии алоқаманд бо терроризму ифротгароӣ акнун ба ду рӯйхат тақсим шудааст: 1. «Рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо терроризм эътироф шудаанд»; 2. «Рӯйхати […]

Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба руйхати миллии шахсони воқеие, ки бо терроризм ва экстремизм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид намуд.

Феҳристи миллии ягонаи қаблан мавҷудаи шахсони воқеии алоқаманд бо терроризму ифротгароӣ акнун ба ду рӯйхат тақсим шудааст:

1. «Рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо терроризм эътироф шудаанд»;

2. «Рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо ифротгароӣ эътироф шудаанд».

Зарурати ворид намудани ин тағйирот шарҳ дода намешавад.

Дар рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо терроризм эътироф шудаанд, 1234 нафар шомил буда, аз ҷумла раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар он ҳузур дорад.

Феҳристи шахсони алоқаманд бо ифротгароӣ (экстремизм) аз 122 нафар иборат буда, ин ҷо журналисти маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло зикр ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки рӯйхати шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла алоқамандӣ бо террористон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, соли охир ба беш аз ҳазор нафар афзуд: як сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ беш аз 200 нафар ҳузур доштанд.

Дар рӯйхати миллӣ ҳамчунин шахсони ҳуқуқие низ зикр шудаанд, ки бо терроризм ва эстремизм алоқамандӣ доранд.

Дар ин рӯйхат 15 ташкилоту созмонҳо, аз ҷумла «Ихвон-ул-Муслимин», «Ҷамоати Исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари Тайба», «Таблиғи Ҷамоат», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида», «Ҷамоати-Таблиғ», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра зикр шудаанд.

Ҳадаф аз нашри феҳрист ҳабси дороиҳои шаҳрвандон ва созмонҳоест, ки дар пулшӯӣ даст доранд ва рӯйхати мазкур бар асоси талаботи Гурӯҳи коркарди тадбирҳои молиявӣ дар мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) – Financial Action Task Force – ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул таҳия шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.