Натиҷаҳои равуои бераводид барои тоҷикону ӯзбекон

«Открытая Азия онлайн»

Аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон муддати як моҳ метавонанд бераводид дар қаламрави ҳамдигар ҳузур дошта бошанд.

Хабарнигорони «Открытая Азия онлайн» баҳри рӯшанӣ андохтан ба вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ пас аз роҳандозӣ шудани ин иқдомҳо, аз гузаргоҳи «Дӯстӣ боздид карданд.

Дар терминали самти шаҳри ҳаммарз бо Ӯзбекистон – Турсунзода, ки гузаргоҳи марзӣ дар қаламрави ин шаҳр 70 километр дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст, таксиронҳо мизоҷонро бо 20 сомонӣ то сарҳад мерасонанд.

– Дар як рӯз се маротиба то сарҳад ва бозпас аз он ҷо бармегардам. Хоҳишмандон аз ҳарду тараф тамоми рӯз хеле зиёданд, – мегӯяд таксирон Абдураҳмон Самиев. – Мизоҷон асосан сокинони Сариосиё мебошанд, ки ба пойтахт омада, бегоҳӣ ба Ӯзбекистон бармегарданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳамарӯза гузаргоҳи марзии «Дӯстӣ»-ро аз ҳарду ҷониб то 2 ҳазор нафар шаҳрвандони ҳарду кишвар мегузаранд.

БОЗОР

Назди гузаргоҳ бозоре ташкил шудааст, ки дар он молу маҳсулоти Ӯзбекистон фурӯхта мешавад. Рафтан ба бозори марказии Деҳнав 11 сомонӣ нарх дорад, лекин нисбат ба шаҳри Турсунзода ин ҷо нархҳо пасттаранд. Дар Деҳнав маҳсулотро харидорӣ намуда, дар сарҳад мефурӯшанд.

Самандар Қодирови 30-сола ҳар субҳ бо хоҳаронаш ба Тоҷикистон омада, бо нархи 12,5 сомонӣ барои 1 кило нахӯд мефурӯшад. Дар Турсунзода нархи нахӯд – 17 сомонӣ ва дар Душанбе – 18 сомонӣ аст.

– Дар як рӯз то 300 кило нахӯд мефурӯшем. Гоҳе аз Қӯрғонтеппа омада, ҳамаи халтаҳоямонро мехаранд. Ҳозир ин халта тамом шуда, боз бародарам ду халтаи дигар меорад, – мегӯяд Қодиров.

Сарҳадбонони ҳарду кишвар ба воридоти молу маҳсулот монеъа эҷод намекунанд. Муҳимаш он сертификати сифат дошта бошад.

Акрамбой Мамадови 53-сола ҳар рӯз барои харидани конфету шириниҳо ва бозичаҳо барои кӯдакон ба Ӯзбекистон меравад. Ӯ қарор дод, ки ба тиҷорат машғул мешавад. Тамоми умр дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт. Як сол пеш дар ӯ бемории диабети қанд ошкор шуда, акнун ба корҳои вазнин машғул шуда наметавонад.

Ҳамаи молу маҳсулоти ӯ 15 сомонӣ нарх дорад. Дар Душанбе бошад, ин маҳсулот 30 сомонӣ арзиш дорад. Тоҷирони ӯзбек дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо ба савдо машғул намешаванд, зеро хароҷоти роҳ ба қиматшавии маҳсулот маҷбур мекунад.

MADE IN TAJIKISTAN

Шаҳрвандони Ӯзбекистон низ дар Тоҷикистон маҳсулот мехаранд, масалан маҳсулоти аз алюминий сохташуда, зарфи мантупазӣ (мантушнитса), дег ва ғайра. Телевизорҳои LG низ мехаранд.

Ҷӯрабек Алиев бо нархи 100 сомонӣ 10 зарфи мантупазӣ харидааст. Мегӯяд, алҳол барои оилаву хешовандони худаш гирифта, агар ба онҳо писанд ояд, пас метавон ба бозор ҳам бурда фурӯхт.

ТАЪСИР БА БОЗОРИ ДУШАНБЕ

Замони дар бозор қарор доштан, аз Душанбе автомашинаҳо омада, мусофиронаш таври яклухт тухм, мева, бозичаҳо ва нахӯд мехариданд. Сироҷидин, як ронандаи автомашинаҳо гуфт, маҳсулотро на барои фурӯши дубора, балки барои худаш мехарад.

– Барои гузаштани сарҳад бо мошин 50 доллар боҷ пардохтан лозим аст. Ин ҷо бошад, шояд болои нархҳо каме маблағи иловагӣ монда бошанд ҳам, ба ҳар ҳол нисбат ба Душанбе арзонтар аст, – изҳор мекунад Сироҷиддин.

Қобили зикр аст, ки боз шудани сарҳад ва воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба таври қобили мулоҳиза ба нархҳо дар бозорҳои Душанбе таъсир расониданд. Масалан, халтаи орд ба ивази 180 сомонии пештара акнун 140 сомонӣ, як қуттӣ тухм ба ҷойи 27 сомонии пешина – акнун 18 сомонӣ, мавиз ба ивази 35 сомонии пештара – 20 сомонӣ ва шакар ба ҷои 8 сомонии пешина – акнун 6 сомонӣ нарх дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...