Истиқболи Комроншоҳ дар Душанбе баъди пирӯзӣ дар Анталия

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Гран-прии Анталия ба ватан баргашт. Дар фурудгоҳи Душанбе ӯро хешону наздикон, дӯстон, намояндагони сохторҳои варзиши кишвар, журналистон ва мухлисони дзюдо истиқбол гирифтанд. Модари варзишгар Марябибӣ-апа мегӯяд, ҳангоми қувваозмоиҳои писараш хеле ба ҳаяҷон омадаву оромона онро тамошо карда наметавонад. Усто Устопиров, падари гуштигир ва Фаридун, бародари Комроншоҳ, […]

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Гран-прии Анталия ба ватан баргашт. Дар фурудгоҳи Душанбе ӯро хешону наздикон, дӯстон, намояндагони сохторҳои варзиши кишвар, журналистон ва мухлисони дзюдо истиқбол гирифтанд.

Модари варзишгар Марябибӣ-апа мегӯяд, ҳангоми қувваозмоиҳои писараш хеле ба ҳаяҷон омадаву оромона онро тамошо карда наметавонад.

Усто Устопиров, падари гуштигир ва Фаридун, бародари Комроншоҳ, ки айни замон ба тамрини ӯ машғуланд, низ аз пирӯзии ӯ қаноатманданд.

– Аз комёбии Комроншоҳ хеле шодем, лекин вақти дамгирӣ нест. Баъди каме истироҳат омодагиро ба мусобиқаҳои асосии мавсим – Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон оғоз мекунем. Аз моҳи май мусобиқаҳое оғоз мегарданд, ки дар он барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 метавон баллҳои рейтингӣ ба даст овард. Ҳамаи талошҳои мо ба ин равона хоҳад шуд, – иброз дошт падари гуштигир.

Муҳаммади хурдсол, писари Комроншоҳ низ ба пешвози падараш баромад, ки либоси кимоно дар бар дошт.

– Оилаамро хеле пазмон шудам. Писарамро ба оғӯш гирифта, акнун ҳамаи хастагиҳои сафару роҳ баромад. Ба ҳамаи онҳое, ки ба пешвози ман омаданд, миннатдорӣ изҳор мекунам. Талош хоҳам кард, ки минбаъд низ бо пирӯзиҳо шуморо шод созам, – гуфт ба ҳозирин Комроншоҳ.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018» дар шаҳри Анталияи Туркия Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард. Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017  Неманя Майдов аз Сербия дастболо шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.