Мусодираи миқдори навбатии маводи нашъаовар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон рӯзи 16 апрел аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд. Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, қочоқчиёни афғон бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ ва борхалтаро […]

Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон рӯзи 16 апрел аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, қочоқчиёни афғон бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ ва борхалтаро дар назди иншоотҳои сарҳадӣ партофта, ба самти Афғонистон фирор намудаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 20 кг маводи мухаддири навъи бангдона дарёфт ва мусодира шудааст.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳангоми гузаронидани корҳои кофтуковӣ ва поксозии марзи давлатӣ дар минтақаи Отряди сарҳадии Шӯрообод, дар наздикии иншооти хати марзи давлатӣ махфиҳгоҳи махсус пайдо карда шуд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили он маводи нашъадори сахтаъсири героин тақрибан 5 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.