Корхонаҳои истихроҷи ангиштро зери замин меронанд

Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ба зарурати афзоиши зеризаминии истихроҷи ангиш дар конҳо исрор мекунанд, ки ба болоравии талаботи дохилӣ ба ин навъи сӯзишвори маънидод мешавад.

«Пайваста  афзоиш ёфтани талаботи соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо ангишт зарурати ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва махсусан бо назардошти  шароити кӯҳӣ техникии тарзи ҷойгиршавии қабатҳои ангиштдори аксарияти конҳои ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани тарзи зеризаминии истихроҷро тақозо менамояд», – қайд мешавад дар маълумоти Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, лоиҳаи  коркарди тарзи кушод бо иқтидори 800 ҳазор тонна ва бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт  бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар майдони Шарқии кони ангишти “Фон-Яғноб”-и  корхонаи КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, дар Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” дар майдони Марказии кони номбурда  бо иқтидори аз 318 ҳазор тонна ва афзоиш додани он то 1 млн тонна бо тарзи зеризаминӣ  таҳия ва аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мувофиқа карда шуд, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Моҳи феврал аз Вазорат хабар дода буданд, ки корхонаи «Дион ангишт Тоҷикистон» барои сохтмони конҳои зеризаминӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли Беларус харидорӣ намуд.

Ин корхона ба коркарди кони «Моғиён» воқеъ дар 45 километрии ҷануби шаҳри Панҷакент дар ҳавзаи дарёҳои Шингу Моғиён бо тарзи кушод машғул аст.

Бино ба маълуомти Вазорат, айни замон аз 12 корхонаи соҳа, ки дар 9 конҳои ҷумҳурӣ иҷозатномаи ҳуқуқи истихроҷи ангишт доранд, бо назардошти мавсимӣ будани фаъолияти аксарияти корхонаҳо  танҳо 5 корхона фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, семоаҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 27,6 млн  сомонӣ беш аз 185 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбати  ҳамин давраи соли сипаригардида  23,9 ҳазор  тонна  ё 114,8 % зиёд  мебошад.

Шурӯъ аз соли 2014 дар Тоҷикистон ҳар сол рекорди ҳаҷми истихроҷи ангишт тағйир меёбад: соли 2014 – 870 ҳазор тонна; соли 2015 – беш аз 1 млн. тонна; соли 2016 – 1,4 млн. тонна ва дар соли 2017 – беш аз 1,7 млн. тонна. То соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои истеҳсолии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, экологҳои тоҷик аз сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нигаронӣ изҳор намуда, бар ин назаранд, ки он ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...