Бунёди меҳмонхонаи «Шикорчиён» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ширкати сайёҳии “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Мењмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, зимни муаррифии имкониятҳои меҳмонхонаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]

Asia-Plus

Ширкати сайёҳии “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Мењмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, зимни муаррифии имкониятҳои меҳмонхонаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд тасдиқ шуд.

«Ин як қадами устуворест ҷиҳати зиёд гардидани иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ. Сохта ба истифода супорида шудани меҳмонхонаи “Шикорчиён” мисоли равшани ин гуфтаҳост», – гуфт ӯ.

Бояд қайд кард, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дорад.

Ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.

Ноҳияи мазкур ҳамчун минтақаи транзитӣ ба ВМКБ имкони ҷалби сайёҳони зиёдро дорад ва ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур баҳри қабули сайёҳоне, ки бо мақсади шикор ба кишвари мо ташриф меоранд, айни муддаост.

Гуфта мешавад, сайёҳии шикор дар Тоҷикистон аллакай як навъи маъмули саёҳат ба ҳисоб рафта, барои шикори ҳайвоноти нодир тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешавад. Шикор бо риояи қонунгузорӣ сурат гирифта, аз моҳи апрел то моҳи сентябр давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори ҳайвонот мебошад.

Имрўзҳо бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва то 50% коҳиш додани боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд намуда истодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.