Ифтитоҳи Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон дар Душанбе

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе санаи 18 апрел Намоишгоҳи маърифатии «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» ба кор шурӯъ намуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умии пойтахт иштирок доштанд. Меҳмонони чорабинии мазкур бошавқ аз гӯшаҳои мактабҳои олии муваффақи Қазоқистон боздид намуда, барои […]

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе санаи 18 апрел Намоишгоҳи маърифатии «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умии пойтахт иштирок доштанд.

Меҳмонони чорабинии мазкур бошавқ аз гӯшаҳои мактабҳои олии муваффақи Қазоқистон боздид намуда, барои худ маълумоти зарурӣ дарёфтанд.

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов зимни суханронӣ назди ҳозирин изҳор намуд, ки муносбатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла бахши маорифу илм дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

«Чунин тарзи ҳамкорӣ ба мисли ҳамасола баргузор намудани Рӯзҳои маорифи Қазоқистон гувоҳи он аст, ки бо ин васила ҷавонони тоҷик бо шароитҳои қабулу таҳсил ба муассисаҳои таълимии олии Қазоқистон аз наздик ошно мешаванд», – гуфт ӯ.

Муовини ававли вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев дар навбати худ ба намояндагони мактабҳои олии иштирокчии намоишгоҳи Қазоқистон миннатдорӣ изҳор намуда, дар корашон комёбиҳо орзу кард.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур гӯшаҳои мактабҳои олии 21 мактаби олии Қазоқистон ба маърази шиносоиву тамошо гузошта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.