Чаро Хадамоти алоқа WiFi-ро зери назорат гирифтанист?

Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур рӯзи 11 апрел дастур додааст, ки масъалаи ба қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқат доштани истифодаи воситаҳои радиоэлектронии алоқа, аз ҷумла ратсияҳо ва WiFi-роутерҳоро дар марказҳои савдо ва бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарабхонаҳову нуқтаҳои хӯроки умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар ин робита супориш дода шудааст, ки ҷиҳати санҷиши фурӯш ва […]

Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур рӯзи 11 апрел дастур додааст, ки масъалаи ба қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқат доштани истифодаи воситаҳои радиоэлектронии алоқа, аз ҷумла ратсияҳо ва WiFi-роутерҳоро дар марказҳои савдо ва бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарабхонаҳову нуқтаҳои хӯроки умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар ин робита супориш дода шудааст, ки ҷиҳати санҷиши фурӯш ва истифодаи роутерҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

«Ин санҷиши мутобиқати пешниҳоди хизматгузорӣ тариқи WiFi-роутерҳо ба қонунгузории кишвар аст, ки пеш аз ҳама, барои солимии аҳолӣ зарур аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти алоқа бидуни ифшои ному насаб.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи моддаи 17 (сертификатсияи алоқа) қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ», тамоми воситаҳои алоқаи барқӣ бояд аз сертификатсияи мутобиқат ба меъёрҳои муқарраршуда, шартҳои техникии меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ гузаранд.

«Баъзан роутерҳои истеҳсоли Чин истифода мешавад, ки ба саломатии инсон зарар дорад. Мо уҳдадорем, ки ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунем», – гуфт манбаъ.

Ба қавли сарчашмаи хабар, шахсоне, ки ба воридоти роутерҳо машғуланд бо масъалаи аз сертификатсия гузаштан дучор меоянд.

«Шахсони ҳуқуқӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои WiFi бояд аз Раёсати назорати Хадамоти алоқа иҷозатнома гиранд. Арзиши сертификат ба басомад ва ҳаҷми роутер вобаста аст», – иброз дошт манбаъ, вале аз пешниҳоди маълумот дар бораи нархнома худдорӣ варзид.

Иҷрои қарори мазкурро роҳбари Хадамот Бег Сабур шахсан зери назорат гирифтааст. Дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо, ба санҷишгарон дастур дода шудааст, ки санад ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода, онро ҷиҳати чораҷӯии минбаъда ба Хадамот пешниҳод намоянд. Тасдиқи расмии ин маълумот аз Хадамоти алоқа муяссар нашуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки санҷиш бештар сабабҳои иқтисодӣ дошта, ҷорӣ сохтани гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи хизматрасониҳои WiFi, ба нархи хизматгузориҳои алоқа таъсир мерасонад, зеро акнун ҳар кадоме аз соҳибкорон бо пардохти маблағи муқарраршуда ба Хадамоти алоқа,  бояд ҳатман иҷозатномаи махсус дастрас кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.