Зинаи охири артиши Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Соли охир Тоҷикистон дар рейтинги иқтидори ҳарбӣ 16 зина – аз 112-ум то 96-ум боло рафта, лекин тӯли сол шумори кишварҳои рейтинг низ афзуд. Дар рейтинги имсолаи Global Firepower Index 136 давлат зикр шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 127 давлат баробар буд. Зимни таҳияи рейтинг наздики 50 омили гуногун, аз ҷумла шумори нерӯҳои мусаллаҳ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли охир Тоҷикистон дар рейтинги иқтидори ҳарбӣ 16 зина – аз 112-ум то 96-ум боло рафта, лекин тӯли сол шумори кишварҳои рейтинг низ афзуд.

Дар рейтинги имсолаи Global Firepower Index 136 давлат зикр шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 127 давлат баробар буд.

Зимни таҳияи рейтинг наздики 50 омили гуногун, аз ҷумла шумори нерӯҳои мусаллаҳ, техникаи ҳарбӣ барои ҷанг дар хушкӣ, фазо ва об, ҳамчунин имконоти иқтисодӣ барои харидории аслиҳа, мавқеи ҷуғрофии кишвар ва ғайра ба инобат гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти рейтинг, шумори умумии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 14,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 7,4 ҳазор нафарашон дар артиши амалкунанда хизмат дошта, 75 ҳазор нафар дар захираанд.

Қайд мешавад, ки артиши Тоҷикистон дар ихтиёри худ 21 ҳавопаймои нақлиётӣ (боркаш), 4 ҳавопаймои таълимӣ, 20 чархбол, 37 танк, 46 техникаи зиреҳпӯши дигар, 10 воҳиди аслиҳаи артиллерия, 3 воҳиди низоми мушакии оташкушоӣ дорад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Ӯзбекистон – дар зинаи 39-ум, Қазоқистон – 50-ум, Туркманистон – 80-ум ва Қирғизистон – дар мақоми 91-ум ҷойгир шудаанд.

Пешсафони рейтинг ИМА, Русия ва Чин мебошанд.

Пеш аз анҷоми даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии соли 2016 «Азия-Плюс» доир ба иқтидори ҳарбии кишвар инфографика тартиб дода буд, ки манзуратон мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.