Барои робита бо «Салафия» имомхатиб 6 сол зиндонӣ шуд

Суди шаҳри Хуҷанд собиқ имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ин шаҳрро ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва таблиғи ақидаҳои ин гурӯҳ, 6 сол зиндонӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдуллоҳ Сайдуллоев бар пояи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ" ба зиндон маҳкум шудааст. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Суди шаҳри Хуҷанд собиқ имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ин шаҳрро ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва таблиғи ақидаҳои ин гурӯҳ, 6 сол зиндонӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдуллоҳ Сайдуллоев бар пояи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ" ба зиндон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, Хуҷанд, Абдуллоҳ Сайдуллоев, сокини 35- солаи маркази вилояти Суғд, солҳои 2004 – 2007 дар Арабистони Саудӣ таҳсили динӣ карда, баъд аз бозгашт ба ватан, муддате имомхатиби масҷиди "Сари санг"-ро бар ӯҳда дошт ва дар масҷид ва манзилаш ба тарзи салафӣ намоз мегузорид.

Як сокин дар мурофиа бар зидди ӯ шаҳодат додааст, ки дар намозгузорӣ даст боло кардани ӯ вақти шурӯъ кардан ба намоз аз дигарон фарқ мекард ва ӯ ҳамин тавр намоз гузориданро дуруст дониста, ба дигарон талқин менамуд.

Ҳангоми боздошти Сайдуллоев дар моҳи октябри соли 2017, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз манзили зисти ӯ ҳудуди 200 адабиёти динӣ ва бархе мамнӯъ дар Тоҷикистон, мисли китоби "Паноҳгоҳи мусалмон" дарёфт ва мусодира кардаанд. Ҳамчунин мақомот 2 бародари Абдуллоҳ Сайдуллоевро, ки дар кишварҳои арабӣ қарор доранд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Бар пояи хабарҳои расмӣ, шурӯъ аз соли 2016 дар вилояти Суғд беш аз 20 имом барои узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва пайравӣ аз равияи "Салафия" боздошт ва зиндонӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова