Шаҳрвандони 20-солаи кишвар бакамолрасида эътироф шуданд

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастгирӣ кард. Мувофиқи ин тағйирот ба ноболиғон боздид аз клубу марказҳои интернетӣ, дискоклубҳо, идораҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо аз соати 18-и шом то 6-и субҳ манъ шуд. Ин муқаррарот ба ҳамаи шаҳрвандони синни то 18-сола дахл хоҳад дошт. Қаблан […]

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастгирӣ кард.

Мувофиқи ин тағйирот ба ноболиғон боздид аз клубу марказҳои интернетӣ, дискоклубҳо, идораҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо аз соати 18-и шом то 6-и субҳ манъ шуд.

Ин муқаррарот ба ҳамаи шаҳрвандони синни то 18-сола дахл хоҳад дошт. Қаблан барои шаҳрвандони синнни то 20-сола чунин маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Барои риоя нашудани ин меъёр волидон аз 50 то 150 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки ин тағйирот мушкилро зиёдтар мекунад, чунки ҷавони 17-18-сола метавонад дар маркази интернетӣ оромона ба имтиҳонҳояш омодагӣ гирад.

Муовини аввали вазир корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода дар посух қайд кард, ки тайи 5 соли охир беш аз 60 ҳазор нафар волидон барои амалҳои ғайриқонунии фарзандонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 65%-и онҳо маҳз барои боздиди фарзандонашон аз муассисаҳои зикршуда дар вақти шабона.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар муқоиса бо соли гузашта танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ амалҳои ғайриқонунии ҷавонон, асосан муноқишаҳои гурӯҳӣ 40 % афзудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.