Дар Тоҷикистон Фонди Пешвои миллат таъсис дода мешавад

Он аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира, ба он воситаҳо гузаронида мешаванд. Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ба қонун «Дар бораи молияи давлатӣ» тағйирот ворид шуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат пешбинӣ шудааст. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам […]

Наим Халимов

Он аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира, ба он воситаҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ба қонун «Дар бораи молияи давлатӣ» тағйирот ворид шуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки дар тағйирот таъсиси Фонди Пешвои миллат дар назар буда, он аз ҳисоби буҷети давлатӣ сармоягузорӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 0,2 фоиз воситаҳо ба ин Фонд гузаронида мешаванд (масалан, имсол ин – 42 млн. сомонӣ ё худ 4,6 млн. доллар аст).

Тартиби истифодаи воситаҳои Фондро худи Пешвои миллат, яъне президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Вазири адлия илова намуд, ки интиқоли воситаҳо ба Фонди зикршуда танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.