Шартнома бо Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатӣ тасдиқ шуд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии кишварҳоро тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидӣ қайд кард, ки Шартномаи мазкур таъйин ва аоматгузории сарҳади давлатиро дар масофаи беш аз 192 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии кишварҳоро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидӣ қайд кард, ки Шартномаи мазкур таъйин ва аоматгузории сарҳади давлатиро дар масофаи беш аз 192 километр дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон танҳо як қитъа дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мувофиқанашуда боқӣ мондааст.

«Шартнома баъди аз ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамдигар супурдани эътимодномаҳои тасдиқ доир ба ин масъала эътибори қонунӣ пайдо мекунад», – иброз дошт муовини аввали вазир.

Вакилон имрӯз ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»-ро низ маъқул шумориданд, ки мувофиқи он шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза осонтару беҳтар мешавад.

Ин тағйироту илова бар пояи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ 22 декабри соли гузашта баён гардиданд, омода шуда, мувофиқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.

Ба Кодекси ҳуқуйронкунии мъмурии Тоҷикистон низ тағйироту иловаҳо ворид шуда, бар асоси он барои гузоштани муҳри махфӣ ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ нестанд, шахсон ба маблағи аз 400 то 500 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.