Оғози Барномаи минтақавии рушди соҳибкории хурди БАТР ва ИА дар Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба амалисозии Барномаи нави минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурд (БМСХ) оғоз бахшида шуд, ки акнун соҳибкорони хусусии микро ва хурду миёна дар метавонанд аз баҳра баранд.   Мақсади Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ гардида аз тарафи Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) пеш бурда […]

Иттилоияи расмӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба амалисозии Барномаи нави минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурд (БМСХ) оғоз бахшида шуд, ки акнун соҳибкорони хусусии микро ва хурду миёна дар метавонанд аз баҳра баранд.  

Мақсади Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ гардида аз тарафи Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) пеш бурда мешавад, аз ҷорӣ намудани таҷрибаи амалӣ (ноу-хау) дар маблағгузории соҳибкории микро, хурд ва миёна (СМХМ)  дар минтақаи Осиёи Марказӣ иборат аст.

Чорабинии ифтитоҳи лоиҳа дар шаҳри Душанбе аз ҷониби БАТР ва Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил карда шуда, дар он намояндагони воломақоми ИА, БАТР, созмонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ иштирок намуданд.

Барнома ба ташкилотҳои молиявие, ки сохтори хусусиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд, платформае оид ба мубодилаи донишу таҷриба пешниҳод карда, инчунин ба ташкилотҳои молиявии миёнарав ҷиҳати дастрасии мунтазам ба таҷрибаи БАТР дар соҳаи мазкур тавассути воситаҳои рақамӣ кӯмак хоҳад намуд.

Мақсади ниҳоии барнома аз табдил додани платформаи рақамӣ ба системаи омӯзишии реҷаи онлайни барои ташкилотҳои молиявии Осиёи Марказӣ ба таври васеъ дастрас иборат аст. Зиёда аз ин, ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишии мунтазам дар мавзӯҳои гуногуни вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо ба СМХМ иштирок хоҳанд намуд.

БМСХ аз ҷониби ширкати машваратии олмонии IPC (Internationale Projekt Consult GmbH), ки дар амалисозии чунин ташаббусҳо дар минтақа таҷрибаи собитшуда дорад, амалӣ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.