Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» бо дастаи Про-лигаи Ӯзбекистон – «Динамо»-и Самарқанд бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар Самарқанд доир гардида, соати 17:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» бо дастаи Про-лигаи Ӯзбекистон – «Динамо»-и Самарқанд бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар Самарқанд доир гардида, соати 17:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8625 сомонӣ;

1 евро – 10.9735 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1454 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Конгресси I-уми умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ ба кор шуруъ кард.

2007 — Дар Душанбе ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ конфронси илмӣ доир гардид.

2017 — Вазорати фарҳанг хабар дод, ки дар Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллӣ» нашр шуд, ки беш аз 3 ҳазор номҳои миллии тоҷикиро дар бар мегирад.

1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёр Иқбол Табаров.

1931 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Ҳақназар Назаров.

1933 – Зодрӯзи адабиётшинос Соат Чалишев.

1934 – Мавлуди драматург Абдусалом Атобоев.

1935 – Зодрӯзи шоир Мастон Шералӣ.

1938 – Мавлуди коргардон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.

1939 – Мавлуди нависанда Ҷамолиддин Тошматов.

1946 – Зодрӯзи фарҳангшинос Лариса Назарова.

1956 – Мавлуди журналист Давлатбек Ҷалолов.

1959 – Зодрӯзи овозхон Абдумаҷид Бердиев.

1960 – Мавлуди Муродалӣ Алимардон, раиси «Агроинвестбонк», собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, туман. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.