Имкониятҳои нави «МегаФон Тоҷикистон» барои алоқачиёни оянда

Иттилоияи расмӣ

Кормандони ширкати "МегаФон Тоҷикистон" як қатор тренингҳои омӯзиширо барои алоқачиёни ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд гузарониданд. Иштирокчиёни тренинг донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, инчунин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буданд.

Менеҷер оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Фазлиддин ҲАКИМХОҶАЕВ ба донишҷӯён дар бораи таърихи пайдоиш ва инкишофи интернет, инчунин доир ба пайдоиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Иштирокчиёни вохӯрӣ бо дурнамои рушди интернети мобилӣ, технологияҳои муосири дар доираи телекоммуникатсияҳо амалкунанда шиносоӣ пайдо намуданд. Дар баробари ин, онҳо фаҳмиданд, ки имкони дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаштани коромӯзиро доранд, чунин имконият барои онҳо як пешравист.  

Тахмина СУЛТОНОВА, донишҷӯи курси сеюми факултети “Телекоммуникатсияҳо ва инноватсияҳо” аллакай лар фикри он аст, ки дар куҷо фаъолияти худро пас аз хатми донишгоҳ оғоз намояд. “Дар соҳаи телекоммуникатсияҳо донишҳои назариявӣ кофӣ нестанд – аз ҳама муҳим қобилияти ба кор бурдани онҳо дар амал аст. Барои ҳамин дарси имрӯзаи омӯзишӣ барои ман хеле муфид омад. Ба мо доир ба лоиҳаҳои ҷолиби дар давлати мо амалишуда, меъёрҳои самаранокӣ ва малакаҳои айни замон дар бозори мобилӣ зарурӣ маълумотҳо расониданд. Албатта пас аз ҳама шунидаҳо ман мехостам фаъолияти касбиамро маҳз дар “МегаФон Тоҷикистон” оғоз намоям”, – фикри худро баён карда мегӯяд Тахмина.

“Мартабаи касбӣ аз ту оғоз меёбад – бо ҳамин калимаҳо кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба мактабҳои олии вилояти Суғд раҳсипор мешаванд, то ки донишҳояшонро ба дигарон низ расонанд. Афзоиши теъдоди мутахассисони ташаббускор, серғайрат ва ҷавон барои мо манфиатовар аст, бинобар ин мо мунтазам дарсҳои омӯзиширо дар доираи лоиҳаи “Ҷавонони оянда” доир менамоем”, – изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. –Донишҷӯёни фаъолтарине, ки дар давоми соли равон дар натиҷаи дарсҳои омӯзишӣ интихоб карда мешаванд, дар идораи мо мавриди коромӯзӣ қарор хоҳанд гирифт. Маҳз онҳо бо фаъолияти ширкат аз дохил шинос шуда, имкон пайдо мекунанд, ки донишҳои бештари муфиди амалиро ба даст оваранд”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...