Тиҷорати хурд дар ватан: чӣ гуна ба муҳоҷирон бо грантҳои хурд кумак мекунанд

Muhojir.news.tj

Сумайя Юсупова се кӯдакашро назди модар гузошта, ҳамроҳи шавҳараш муддати 6 сол дар Маскав кор кард.

Аз ин рӯ, муҳри манъи вуруди 10-сола дар шиноснома барои ӯ хеле гарон афтод. Баъди чанде вуруди шааҳарашро ҳам манъ карданд. Аз соли 2015 акнун онҳо дар зодгоҳашон – ноҳияи Шаҳритӯс кору зиндагӣ доранд.

Зимни кор дар қаҳвахонаҳои Русия ӯ малакаҳои қаннодиро омӯхта, таъому шириниҳои гуногун омода мекунад. Аз уҳдаи хизматрасонӣ ба мизоҷони зиёд баромада, маҳсулоташ ҳамеша тару тоза аст. Маҳз бо ҳамин сабаб вақте фаҳмид, ки тиҷорати хурди худро боз карда метавонад, дарҳол дар зодгоҳи худ қаҳвахона боз намуд.

Мизоҷони имрӯзаи ӯ аслан хонандагони мактабу донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ буда, дар қаҳвахона самбӯсаву шаурма ва хотдогҳо омода мекунад. Албатта, орзу дорад, ки қаҳвахонаи нисбатан бузургтаре дошта бошаду хӯроку шириниҳои гуногун пазад.

Қаҳвахонаи хурди ӯ, ки танҳо як пардае ҷойи хӯрокпазиро аз ҷойи фурӯш ҷудо мекунад, барои кӯдакону наврасони маҳаллӣ макони писандида шудааст.

«Ман ҳар рӯз хӯрок омода мекунам ва ҳар кадоме аз мизоҷон метавонад бовар ҳосил кунад, ки хӯроки мо тару тоза пухташуда аст, – мегӯяд Сумайя.

Ӯ дар синни 16-солагӣ ба шавҳар баромада, барои идомаи таҳсил имкон надошт. Аз ин рӯ, акнун мехоҳад, ки кӯдаконаш таҳсил карда, босавод шаванду кори муносиб ёбанд.

Онҳо барои худ манзил харида натавонистанд. Дар Шаҳритӯс нархи он 15 ҳазор доллар аст, лекин ҳозир барои иҷораи хона пул мерасад. Тиҷорати хурдаш ҳамчунин аъзои оиларо бо кор таъмин мекунад.

Кумак ба шахсони вурудашон манъ 

Сумайя дар доираи амалисозии лоиҳаи Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) «Арзиш ва ҳуқуқҳо дар Осиёи Марказӣ» барои кушодани қаҳвахона таҷҳизот ва кумаки техникиву машваратӣ дарёфт кард. Ин лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) дастгирӣ ёфта, дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва Кушониёни вилояти Хатлон муваффақона санҷида шуд.

Зарурати татбиқи лоиҳаро афзоиши шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун вурудашон ба Русия манъ мешавад, тақозо мекунад. Миёни ин афрод ҳам ҷавонони навкор дар муҳоҷират ва ҳам мардони дорои таҷрибаи кории зиёд дар Русия ҳузур доранд, ки одаткунишаон ба кор дар ватан акнун хеле душвор аст. Заноне ҳам ҳастанд, ки акнун дар назди хонаҳояшон, паҳлӯи фарзандон кор меҷӯянд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, айни замон ба 181 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ аст. Ин ҳолат ба вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида, ҳаллу фасли ҳамаҷонибаро тақозо мекунад.

Дастгирии тиҷорати хурд яке аз роҳҳои наҷот дар ин самт буда метавонад, вале аксари чунин муҳоҷирон бо дасти холӣ ба ватан баргашта, ба роҳандозии тиҷорати худ ё машғул шудан ба соҳибкорӣ имкон надоранд.

Моҳира Файзуллоева,корманди СБМ мегӯяд: «Амалисозии лоиҳа ба дарёфти кор дар маҳалли иқомат, назди оилаи худ, роҳандозии тиҷорати мустақилонаи хурд ва ба ин васила таъмини рӯзгори оила имкон медиҳад».

Дар ҳар як ноҳия мақомоти маҳаллии ҳукумат ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД)-и самти иҷтимоӣ шарики лоиҳа интихоб шуданд.

Ба ақидаи ҳамоҳангсози лоиҳа, корманди ТҒД «Чашма» дар ноҳияи Шаҳритӯс Меҳринисо Бадалова, чунин шуғли собиқ муҳоҷирон воситаи бештар пурсамари коҳиши сатҳи бекорӣ дар ҷомеа мебошад.

Грантҳои хурди дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа ҷудошуда ба муҳоҷирони вурудашон манъшуда барои мустақилона машғул шудан ба соҳибкориву тиҷорат кумак карда, дар пешбурди корашон ба онҳо мутахассисон ёрӣ мерасонанд.

Барои онҳо семинарҳои омӯзишӣ ташкил шуда, оид ба тарзи таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, ҳисобу китоби даромаду зиёни имконпазир машғулиятҳо гузаронида мешаванд ва дар анҷом онҳо бояд мустақилона кор карданро биомӯзанд.

«Ба одамони оилаҳояшон калон, намояндагони қишрҳои осебпазири ҷомеа ва муҳимаш меҳнатқарин грантҳо пешниҳод мешаванд. Маълумот дар бораи чунин шахсонро мо аз раисони ҷамоатҳо мегирем», – мегӯяд номбурда.

Зимнан зикр шуд, ки дар доираи лоиҳа на ҳама вақт пули нақд дода шуда, ба гунаи мисол агар ба шахси муроҷиаткарда дастгоҳи кафшергарӣ ё мошини дӯзандагӣ барои кораш лозим бошад, дар доираи лоиҳа барои ӯ чунин дастгоҳҳо харида мешаванд.  

Дар муддати ҳадди ақал се соли минбаъда ҷиҳати санҷиши истифодаи мақсадноки таҷҳизоту дастгоҳ ва машварат шахсони масъули лоиҳа фаъолияти ин шахсонро пайгирӣ (мониторинг) мекунанд. 

Кор – роҳи наҷот аз худкушӣ

Гавҳар Бойназарова низ муддати зиёд дар муҳоҷират кор карда, вурудаш манъ шуд. Бо се кӯдакаш дар ҳоли ноумедӣ афтода, қариб ба худкушиаш боис гардида буд.

«Ман муддати 10 сол дар як ошхонаи Маскав ба ҳайси фаррош кор мекардам. Дар синни 27-солагӣ бо се кӯдак аз ҳамсарам ҷудо шуда, фарзандонамро назди хоҳарам гузоштам ва худам ба Русия роҳ пеш гирифтам, зеро дар ин ҷо кор набуд», – мегӯяд вай.

Соли 2014 дар натиҷаи беаҳамиятии худаш вуруд ба Русия барои ӯ манъ мешавад, зеро фурсат намеёбад, ки саривақт барои кор иҷозатнома дастрас намояд.

«Ҳамеша фикр мекардам, ки чӣ гуна кӯдаконамро ба воя мерасонам. Бар асари фикрҳои зиёд вазъи саломатиам низ бад шуд», – қайд кард Гавҳар.

Ӯ ба қароре меояд, ки дубора ба дӯзандагӣ машғул мешавад. Дар доираи ин лоиҳа ӯ мошини дӯзандагӣ гирифта, корашро боз аз сифр оғоз кард.

«Лекин даромад аз дӯзандагӣ барои мо кифоя нест, аз ин рӯ ман боз дар кӯча яхмос ҳам мефурӯшам», – ҳикоят мекунад зан.

Гавҳар яке аз 40 нафар сокинони вилояти Хатлгн аст, ки дар доираи лоиҳа барои роҳандозии тиҷорати хурд кумаки техникӣ гирифт. Бо натиҷагирӣ аз мониторинг метавон гуфт, дар зиндагии шахсоне, ки гранти хурди бебозгашт гирифтанд, тағйироти назаррас ба мушоҳида мерасад.

Имконоти нави молиявӣ ба касе аз онҳо дар сохтмони манзил, ба дигарӣ дар таъмири хона ва ба шахси дигар қарор доштан дар паҳлӯи фарзандон ва таъмини таҳсилу рӯзгори оила, ба нафари дигар дар харидани телевизор ва дигар ниятҳояшон имкон медиҳад.

Бо назардошти чунин натиҷаҳо, чанде пеш тасмим гирифта шуд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтепппа) низ амалисозии лоиҳа  ба роҳ монда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...