Таъмиру навсозии роҳҳо дар маркази Душанбе чӣ қадар арзиш дорад?

Маркази Душанберо ба нишастҳо омода мекунанд, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон доир мегарданд. Роҳҳо таъмиру навсозӣ шуда, биноҳои қад-қади роҳ низ таъмир мешаванд. Ҳамаи ин корҳо чӣ қадар арзиш дорад? Мақомоти шаҳрдории Душанбе доир ба таъмири роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тендер эълон кард. Роҳ аз VIP-зали фурудгоҳи байнулмилалӣ то меҳмонхонаи Душанбе […]

Маркази Душанберо ба нишастҳо омода мекунанд, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон доир мегарданд. Роҳҳо таъмиру навсозӣ шуда, биноҳои қад-қади роҳ низ таъмир мешаванд. Ҳамаи ин корҳо чӣ қадар арзиш дорад?

Мақомоти шаҳрдории Душанбе доир ба таъмири роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тендер эълон кард.

Роҳ аз VIP-зали фурудгоҳи байнулмилалӣ то меҳмонхонаи Душанбе ва дар идома тариқи тамоми маркази шаҳр то Донишгоҳи аграрӣ бояд таъмиру навсозӣ шавад.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки намо (фасад)-и чанде аз биноҳо дар маркази шаҳрро, ки ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудаанд, низ таъмиру навсозӣ кунад, аз ҷумла биноҳои истиқоматии ҳаштошёнаи рӯ ба рӯи маҷмааи «Кохи Ваҳдат» (Рӯдакӣ, 86, 88, 90, 92 ва 96).

Мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳамин васила маркази пойтахтро барои баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки охири моҳи сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, омода мекунад.

Ғайр аз ин, нимаи дуюми соли равон дар Душанбе нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ баргузор мешавад.

Ин барои мо лозим аст?

Дар бораи чӣ қадар ҷудо шудани маблағ аз буҷети шаҳр барои анҷоми корҳои зикршудаи таъмиру навсозӣ аз мақомоти шаҳрдорӣ маълумот надоданд.

Бо мутахаасисони соҳаи роҳсозӣ машварат намуда, мо тасмим гирифтем, ки ин маблағро худамон ҳисобу китоб кунем.

Масофаи роҳи шашхата аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ каме бештар аз 8 километр аст.

Маблағи таъмири асосии 1 километри роҳ ба ҳисоби миёна 1 млн. 300 ҳазор доллар (11 млн. 472,5 ҳазор сомонӣ) ва мутаносибан маблағи таъмири асосии ин роҳ  10 млн. 400 ҳазор доллар (91 млн. 780 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Агар таъмири хурд (ҷорӣ) гузаронида шавад, барои 1 километр роҳ ба ҳисоби миёна 400 ҳазор доллар (3 млн. 530 ҳазор сомонӣ) ва барои 8 километр наздики 3 млн. 200 ҳазор доллар (28 млн. 240 ҳазор сомонӣ) маблағ лозим аст.

Зимни анҷоми корҳои таъмири асосӣ ё ҷорӣ вобаста ба нархи масолеҳи сохтмон ва хизматрасонӣ ин маблағ метавонад кам ё зиёд шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.