Сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Чин барои баррасии масоили таъмини амният

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Пекин рафт. Вазирони мудофиаи Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон имрӯз, 24 апрел атрофи масъалаҳои рӯзмарраи таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд. Дар машварат тадбирҳои муштарак оид ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои вокуниши […]

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Пекин рафт.

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон имрӯз, 24 апрел атрофи масъалаҳои рӯзмарраи таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Дар машварат тадбирҳои муштарак оид ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдиду хатарҳои нав дар минтақаи зери масъулияти СҲШ баррасӣ мешаванд, хабар дод сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.

Зимни машварат ҳамчунин аз ҳамкориҳои низомӣ дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи ҳарбӣ дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби иштирокчиёни машварат оғоз бахшидан ба фестивали мусиқӣ-ҳарбии кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2018 дар Чин баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.