Си Ҷинпин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи Созмони мазкурро рӯзи 23 апрел Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок […]

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи Созмони мазкурро рӯзи 23 апрел Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок намуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар тӯли 17 соли фаъолияти худ СҲШ роҳи ғайриодии рушдро паси сар намуда, ба як ташкилоти мукаммалу бонуфӯзи минтақавӣ табдил  ёфт.

Айни замон дар доираи  СҲШ ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният, робитаҳои хориҷӣ ва бунёди ниҳодӣ устуворона пеш мераванд.

Ӯ гуфт, ки ҷониби Чин мусоидат ба рушди СҲШ-ро ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ менамояд. Чин омода аст, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сиёсӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа талош варзад, сатҳи ҳамоҳангиро баланд бардошта, дар ҷанбаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” механизми равобити минтақавии иқтисодиро таъсис диҳад ва алоқаҳои фарҳангиро вусъат бахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.