Таҷҳизоти ширкати франсавии «Thales» барои манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе

Зимни мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо  муовини президенти ширкати «Thales» Оливе Ашар миёни ин ширкат ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба ҷиҳозонидани  «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» бо таҷҳизоти муосиру замонавии аэронавигатсионӣ мувофиқа ба даст омад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин мулоқот ҳамчунин сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, сардори Агентии авиатсияи […]

АМИТ «Ховар»

Зимни мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо  муовини президенти ширкати «Thales» Оливе Ашар миёни ин ширкат ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба ҷиҳозонидани  «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» бо таҷҳизоти муосиру замонавии аэронавигатсионӣ мувофиқа ба даст омад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин мулоқот ҳамчунин сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ёдрас мешавад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Франсия «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» ҳамчун кумак дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.

Зикр мегардад, ки ширкати франсавии «Thales» яке аз ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, дар раддабандии сифатнокии таҷҳизот ва расонидани чунин намуд хизматрасониҳо дар ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол менамояд. Дар он беш аз 70 ҳазор нафар мутахассисон фаъолият намуда, гардиши солонаи молиявии он зиёда аз 16 миллиард евроро ташкил мекунад.

Махсус қайд мешавад, ки таҷҳизоти аэронавигатсионии ин ширкат аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Афғонистон истифода мегардад.

Гуфта мешавад, новобаста аз он, ки корҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва  васлу насби таҷҳизот то нимаи аввали соли 2019 ба анҷом расонида шаванд ҳам, ҳамкории шарикии корхонаи ватанӣ бо ин Ширкат дар ҳамин лоиҳа то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 41-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳукумати Фаронса мувофиқа ҳосил шуда буд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ таҳия шуда, барои амалисозии он 3,5 млн. евро маблағ зарур аст. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ амалӣ мешавад. Он замон зикр гардида буд, ки муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ аз замони ба имзо расидани созишнома дуҷониба муқаррар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.