Обуҳавои Тоҷикистон боз каме сарду боронӣ мешавад

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 25-26 апрел обуҳаво дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шуда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 метр барф), баъзан боришоти шадид, раъду барқ ба амал омада, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани жола имкон дорад. Ҳарорат рӯзона ба ҳисоби миёна 10 дараҷа поин рафта, аллакай имрӯз пурзӯр […]

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 25-26 апрел обуҳаво дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шуда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 метр барф), баъзан боришоти шадид, раъду барқ ба амал омада, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани жола имкон дорад.

Ҳарорат рӯзона ба ҳисоби миёна 10 дараҷа поин рафта, аллакай имрӯз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония ва дар Хатлон бо чангу ғубор пешбинӣ мешавад.

Имрӯз дар Душанбе обуҳавои бебориш, суръати вазиши шамол 3-8 метр дар як сония ва ҳарорат шабона 10-12 дараҷа гарм ва рӯзона то 29 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Пагоҳ, 25 апрел дар пойтахт борони шадид ва раъду барқ, ҳамчунин боридони жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 9-11 дараҷа гарм ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 26 апрел обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 6-8 дараҷа ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи ҷумъа, 27 апрел обуҳаво дар пойтахт бебориш ва мусоидтар шуда, ҳарорат шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.