Кумаки коршиносони ҳарбии пойгоҳи Русия ба таҳқиқи сабабҳои марги Абдурасул Назаров

Бо исрори хешовандону наздикони сокини 40-солаи шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки рӯзи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи пойтахт ҳалок шуд, натиҷаҳои таҳқиқи ҷасади ӯро баъди аз гӯр берун овардан прокуратураи пойтахт ба коршиносони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон додааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» бародари марҳум Абдусамад Назаров. Ӯ изҳор […]

Бо исрори хешовандону наздикони сокини 40-солаи шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки рӯзи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи пойтахт ҳалок шуд, натиҷаҳои таҳқиқи ҷасади ӯро баъди аз гӯр берун овардан прокуратураи пойтахт ба коршиносони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон додааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» бародари марҳум Абдусамад Назаров.

Ӯ изҳор намуд, ки коршиносони ҳарбии Тоҷикистону Русия дар фурсати наздиктарин ба прокуратураи шаҳри Душанбе хулосаҳои худро дар бораи сабабҳои марги Абдурасул Назаров пешниҳод мекунанд.

Ҷасади Абдурасул рӯзи 7 апрел аз гӯр берун оварда шуд. Қаблан бародари марҳум ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки онҳо ба беғаразии коршиносоне, ки аз ҷониби прокуратураи пойтахт даъват шудаанд, бовар надоранд.

Ба қавли ӯ, баъди аз қабр берун овардани ҷасад, коршиносон ба онҳо ҳатто нусхаи хулоса дар бораи сабабҳои марги Абдурасул Назаровро пешниҳод накардаанд.

«Ҳамон коршиносоне, ки аввал дар бораи марги ӯ хулоса навишта буданд, ҷасади бародарамро аз гӯр берун оварданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки санад ба прокуратураи пойтахт дода мешавад, ки дар он ҷо аз рӯи ин далел санҷиш мегузаронанд ва ман бовар надорам, ки онҳо ба прокуратура ягон чизи наве бигӯянд», – қайд карда буд Абдусамад.

Ӯ ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд кард, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.