Русия омодагии ҷангии пойгоҳҳояшро дар Тоҷикистону Қирғизистон тақвият медиҳад

Вазорати мудофиаи Русия бобати пешгирии вуруди ҷангиён аз музофотҳои шимолии Афғонистон ба қаламрави иттифоқчиён дар СААД дар Осиёи Марказӣ тадбирҳо меандешад, изҳор дошт вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу. Тавре РИА Новости менависад, ин изҳорот аз ҷониби Сергей Шойгу зимни суханрониаш дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин садо додааст. «Бо ин […]

Вазорати мудофиаи Русия бобати пешгирии вуруди ҷангиён аз музофотҳои шимолии Афғонистон ба қаламрави иттифоқчиён дар СААД дар Осиёи Марказӣ тадбирҳо меандешад, изҳор дошт вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу.

Тавре РИА Новости менависад, ин изҳорот аз ҷониби Сергей Шойгу зимни суханрониаш дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин садо додааст.

«Бо ин мақсад омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомиро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият медиҳем, онҳоро бо силоҳи муосир ва техникаи ҳарбӣ муҷаҳҳаз мегардонем. Дар таҳкими имконоти ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ  ва тарҳрезии истифодаи муштараки онҳо ба шарикон дар минтақа кумак мекунем», – қайд кардааст Шойгу.

Вазири мудофиаи Русия хотиррасон кардааст, ки моҳи марти соли равон дар Тоҷикистону Қирғизистон машқҳои зиддитеррористии фармондеҳӣ-ситодӣ гузаронида шуданд.

«Моҳи сентябр бо ҷалби сохторҳои гуногуни қудратӣ баргузории тамрини муштараки «Иссиқкӯл – Зиддитеррор-2018» дар назар буда, моҳи октябр бо нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД як қатор машқҳо доир мегарданд. Онҳо аз рӯи нақшаи ягона пайдарҳам дар Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон барпо мешаванд», – иброз доштааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.