Семинар дар мавзӯи мушкилоти занони Тоҷикистон дар Душанбе

Семинари ҳаштуми ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар мавзӯи "Татбиқи амалии принсипҳои баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе 24-25 апрели соли 2018 баргузор мегардад. Дар кори семинари оянда зиёда аз 70 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат, мутахассисони гендерӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, мушкилоту ситезаҳои мавҷудаи занону духтарони ёши Тоҷикистонро баррасӣ […]

Семинари ҳаштуми ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар мавзӯи "Татбиқи амалии принсипҳои баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе 24-25 апрели соли 2018 баргузор мегардад.

Дар кори семинари оянда зиёда аз 70 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат, мутахассисони гендерӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, мушкилоту ситезаҳои мавҷудаи занону духтарони ёши Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Ин семинари дурӯза ҳаллу фасли якчанд масъалаҳои доғи рӯзро дида мебарояд: аз душвориҳои занон дар дастрасӣ ба кори шоиста ва имкониятҳои иқтисодӣ то  пешгирӣ ва мубориза бар зидди зӯроварии ҷинсӣ, ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии занон ва дигар масъалаҳо.

Мақсади асосии семинари мазкур ин тақвияти созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки ҳар рӯз бо масъалаҳои гендерӣ сару кор доранд, мубодилаи иттилоот ва ривоҷи робитаҳо байни ин созмонҳо ва инчунин муколама миёни онҳо ва мансабдорони ҳукумат мебошад.

Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо  ҷаноби Ҳидает Бишчевич атрофи нақши муҳими созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳаллу фасл намудани мушкилоти зиёд, аз ҷумла, пешбурди баробарии гендерӣ ибрози ақида карда, мегӯяд:

"Ҷомеаи шаҳрвандӣ шарики хуб ва боэътимоди давлат аст ва ҷалби он барои тавсеаи ҳуқуқи занон, ки ба тамоми ҷомеаи тоҷик таъсири бевосита расонида метавонад, хеле муҳим аст. Баробарии гендерӣ яке аз арзишҳои асосии Аврупо аст ва Иттиҳоди Аврупо ба ин масъала диққати хос медиҳад. Бинобар ин, Иттиҳоди Аврупо ҳамаи тадбирҳоеро, ки давлати Тоҷикистон барои таҳкиму ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти имкониятҳои онҳо аллакай андешидааст, бо хушнудӣ мепазирад. Боварӣ дорам, ки ин семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муҳокимаи муфид миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ва шахсони мансабдори Тоҷикистон дар масоили гендерӣ имкони хуб медиҳад ".

Семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ – як ҷузъи Муколамаи солона оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, доираи васеи масоилро дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ мекунад.

Яке аз мақсадҳои асосии семинар ин аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия намудани тавсияҳои умумӣ мебошад, ки онҳо баъдан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо омӯхта шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.