Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти Ирина Лой – дорандаи омзунҳои байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 18:00; – Дар шаҳри Оши Қирғизистон дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми Конфедерасияи футболи Осиё вохӯрии байни дастаҳои соҳибони майдон – «Олой» ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.Оғоз соати 13:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби […]

АНОНС

– Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти Ирина Лой – дорандаи омзунҳои байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 18:00;

– Дар шаҳри Оши Қирғизистон дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми Конфедерасияи футболи Осиё вохӯрии байни дастаҳои соҳибони майдон – «Олой» ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.Оғоз соати 13:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8847 сомонӣ;

1 евро – 10.8509 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1435 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии бародаршаҳрҳо.

1992 – Дар маркази шаҳри Душанбе, дар майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон гирдиҳамоиҳои стихиявӣ сурат гирифтанд.

1996 – Нашри нахустин ҳафтавори мустақили «Чархи гардун».

1900 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев.

1917 – Мавлуди Туҳфа Фозилова, Ҳунарманди халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ. Театри мусикиву драмавии Конибодом номи ӯро дорад.

1932 – Зодрӯзи журналист Мусофир Набиев.

1940 – Мавлуди ҳуқуқшинос, профессор Саломиддин Шарофов (собиқ Прокурори генералии ҶТ).

1953 – Зодрӯзи актёри театр Шаҳобиддин Ҳасанов.

1966 – Мавлуди журналист Сайёфи Мизроб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+14, рӯзона +24+25; дар доманакӯҳҳо шабона +8+10, рӯзона +19+20.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +7+14, рӯзона +19+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +25+27.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +4+5, рӯзона +15+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.