Ҷараёни сохтмони бузургтарин маҷмааи варзишӣ дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе сохтмони маҷмааи бузургмиқёси варзишӣ идома дорад. Бунёди он дар майдони 10 гектар назди боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём байни нишебӣ ва теппаҳои Лучб ва дарёи Душанбе ҷараён дорад. Дар корҳои сохтмони ин иншоот наздики 20 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок дошта, то 2 ҳазор нафар ба иҷрои корҳо машғуланд. Баъди […]

Дар шаҳри Душанбе сохтмони маҷмааи бузургмиқёси варзишӣ идома дорад. Бунёди он дар майдони 10 гектар назди боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём байни нишебӣ ва теппаҳои Лучб ва дарёи Душанбе ҷараён дорад.

Дар корҳои сохтмони ин иншоот наздики 20 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок дошта, то 2 ҳазор нафар ба иҷрои корҳо машғуланд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмаа беш аз 600 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ дар ин ҷо таъмин мешаванд.

Дар ин маҷмаа ҳамаи хоҳишмандон – аз кӯдакони синни 7-сола то калонсолон ба варзиш машғул шуда метавонанд. Дар ҳавзи шиноварии кушод барои баргузории ҳама гуна навъҳои мусобиқа оид ба ин навъи варзиш дар сатҳи байнулмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар қаламрави маҷмааи варзишӣ ҳамчунин сохтмони таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои автомашинаҳо низ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.