Лукашенко: «Ана ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд»

Президенти Белорус Александр Лукашенко дар шарҳи “инқилоби махмалии Арманистон” гуфт, ки “ана ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд”. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Лукашенко нагуфтааст, ки дақиқан киро дар назар дорад, аммо аз суханрониаш дар Русия ёдовар шудааст. “Ба ҷойи инки якҷо шуда, масъалаҳоро ҳал кунем, аз гиребони якдигар мегирем ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Белорус Александр Лукашенко дар шарҳи “инқилоби махмалии Арманистон” гуфт, ки “ана ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд”.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Лукашенко нагуфтааст, ки дақиқан киро дар назар дорад, аммо аз суханрониаш дар Русия ёдовар шудааст.

“Ба ҷойи инки якҷо шуда, масъалаҳоро ҳал кунем, аз гиребони якдигар мегирем ва ба рӯи якдигар мушт мекашем”, – гуфтааст ӯ дар паёми солонааш ба порлумон ва шаҳрвандони Белорус.

Серж Саргсян, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш сарвазири Арманистон интихоб шуда буд, аз мақомаш истеъфо дод. Эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ 11 рӯз буд, ки дар Арманистон идома доштанд. Вай эътироф кард, ки ӯ ба иштибоҳ роҳ дод ва лидери мухолифин ҳақ буд.

“Ҳолати феълӣ чанд роҳи ҳал дорад, аммо ман ба ҳеҷ яки ин роҳҳо намеравам. Ин шеваи ман нест. Ман аз мақоми раҳбари ҳукумати Арманистон канор меравам”, – гуфт Серж Саргсян.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш бо назардошти шеваи мусолиҳатомези таҳаввулоти Арманистон аз тарафҳо даъват кард, ки ба қонун эҳтиром гузоранд ва муколамаро ба роҳ монанд.

Серж Саргсян 10 сол раҳбари Арманистон буд. Александр Лукашенко зимоми қудратро дар Белорус аз соли 1994 дар даст дорад. Владимир Путин 18 сол боз раҳбари Русия аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.