Бонусҳо ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба зангҳо аз Русия

Иттилоияи расмӣ

Аз 5 май муштариёне, ки ба тарофаи “Истиқболи самимӣ” – “Тёплый приём – Две страны” пайваст шуда ба Россия мераванд, имкон доранд, ки ба дӯстону наздикони худ трафики овозӣ ва интернетии худро ҳадя кунанд.

Мувофиқи шартҳои иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) барои ҳар як дақиқаи суҳбат ҳамсуҳбатони онҳо бонуси панҷкарата – 5 дақиқаи муоширатро дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ё 5 Мб интернети мобилиро ба даст меоранд.

Бонусҳоеро, ки барои анҷоми зангҳои воридотӣ аз Россия пешниҳод мешаванд, муштариён худ интихоб мекунанд. Барои ин зарур меояд, ки ба SMS-и оператор посухи марбута ирсол карда шавад. Бастаҳои бонусии “Дақиқаҳо дар дохили шабака” ё “Мб-и трафики интернет” дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи фаъолгардонӣ эътибор доранд.

Иштирокчии иқдом метавонад новобаста аз давомнокии суҳбатҳояшон бо муштариёни аз ФР даъватро анҷомдиҳанда дилхоҳ миқдори холҳоро дар давоми як рӯз ба даст оварад. Иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) то 31 августи соли 2018 давом меёбад.

“Ба шарофати иқдоми нави мо муштариёни дар Россия зиндагӣ ва фаъолиятдошта имкон пайдо мекунанд, ки ба наздикони худ панҷ маротиба зиёдтар муоширатро ҳадя кунанд. Масалан, ҳангоми даҳ дақиқа давом ёфтани суҳбат нафари зангро қабулкунанда ё 50 дақиқа, ё 50 Мб Интернетро ба даст меорад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳам барои истифодабарандагон  ва ҳам барои ҳамсуҳбатони онҳо тарофаҳоро муфидтар гардонем.”, – қайд мекунад Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...