Наҷоти духтари навбатие, ки худро куштанӣ буд

Шоми 9 майи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа як нафар ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ ба соҳили дарёи Душанбе рафта, худро аз баландии тахминан 3-4 метр ба дохили дарё ғарқ намудааст. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ин лаҳза, шаҳрванд Саидасрор Хидиров, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ки ба […]

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Шоми 9 майи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа як нафар ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ ба соҳили дарёи Душанбе рафта, худро аз баландии тахминан 3-4 метр ба дохили дарё ғарқ намудааст.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ин лаҳза, шаҳрванд Саидасрор Хидиров, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ки ба моҳигирӣ машғул буд, доду фиғони ҷавондухтари ғарқшудаистода ва дар коми марг қарордоштаро шунида, дарҳол барои наҷоти ҷавондухтар ба сӯи ӯ медавад.

Сипас шаҳрванд Саидасрор Хидиров бо нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ худро ба дохили дарё ҳаво дода, ҷавондухтари нияти қасди худкушидоштаро, ки алакай аз ҳуш рафа буд, бардошта ба соҳили дарё баровардааст. Баъдан гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомоти милитсия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ҷавондухтари 18-соларо ба беморхона интиқол додаанд. Айни ҳол саломатии ҷавондухтар барқарор карда шуда, чорабиниҳои тафтишотӣ оиди сабаби даст ба худкушӣ задани номбурда идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки зимни худро ба дохили дарё ҳаво додан ва аз марг наҷот додани ҷавондухтар шаҳрванд Саидасрор Хидиров ба саломатиаш зарари ҷиддӣ дида, дар намуди шикасти устухони пои чап ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хотири қадршиносӣ ҷиҳати аз марг наҷот додани ҳаёти инсон ва зоҳир намудани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Саидасрор Хидиров ташриф оварда, номбурдаро аёдат намуданд.

Зимни суханронии хеш сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон барои анҷом додани чунин кирдори намунавиаш ба шаҳрванд Саидасрор Хидиров аз номи роҳбаряити Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, номбурдаро бо «Сипоснома», тӯҳфаҳои хотиравӣ ва молӣ қадршиносӣ намуд.

Дар ин росто Вазорати корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста он шаҳрвандоне, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио