Шеърҳои ӯ ҷовидона боқӣ мемонанд. Маросими видоъ бо Бозор Собир

Имрӯз дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб маросими ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баргузор шуд. Маросими ҷанозаи шоир бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд. Сипас ҷасади шоирро барои ба хок супурдан ба оромгоҳи Лучоб оварданд. Дар маросими видоъ бо шоир роҳбарони мақомоти давлатӣ, зиёиён, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб маросими ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баргузор шуд.

Маросими ҷанозаи шоир бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд. Сипас ҷасади шоирро барои ба хок супурдан ба оромгоҳи Лучоб оварданд.

Дар маросими видоъ бо шоир роҳбарони мақомоти давлатӣ, зиёиён, аҳли ҷомеа ва ҳаводорони зиёди шоир ҳузур доштанд. Ба маросими видоъ бо шоир ёварони президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмон роҳбарӣ карданд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ низ барои гусели шоир ба роҳи охират омада буд.

Ҷасади шоири маъруф паҳлӯи дигар шоирони шинохтаи тоҷик – Лоиқ Шералӣ ва Ғаффор Мирзо ба хок супурда шуд.

Зимни ёдоварӣ аз кору зиндагии марҳум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим изҳор намуд, ки шоир мардуми сарзамини худ ва Ватанро хеле дӯст медошт ва тамоми осораш саршори ин гуна афкор аст.

 «Дар ин кор барои бисёре аз мо ӯ намунаи ибрат буд. Бале, Бозор даргузашт, вале ашъори ӯ ҷовридона боқӣ хоҳад монд. Наслҳои нави қаламкашони Тоҷикистон роҳи ин фарзанди бешак барӯманди тоҷикро идома хоҳанд дод», – иброз дошт номбурда.

Яке аз дӯстони Бозор Собир зикр кард, ки вақте шоир аз ИМА бба ватан омад, чунин гуфта буд: «Ман барои мурдан ин ҷо омадам. Мехоҳам, ки дар ватан гӯручӯб шавам. Ба гуфтаи ӯ, «ба Тоҷикистон овардани ҷасади шоир тантана ва пирӯзии ақли солим аст».

Пас аз маросими гурӯчӯб одамон назди хонаи шоир омада, ба арвоҳаш дуову фотиҳа карданд. Наздикони марҳум ба ҳамаи онҳое, ки ба маросими видоъ бо шоир иштирок доштанд, миннатдорӣ изҳор карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.