Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфакорӣ дар моҳи Рамазон даъват кард

Asia-Plus

Дар Кохи Борбад Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасиии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ кард.

«Ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд, – иброз дошт Эмолмалӣ Раҳмон зимни суханронӣ. – Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд».

Сарвари давлат даъват кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба исрофкорӣ ва ба таври сунъӣ боло бурдани нарх роҳ дода нашавад.

«Тавре мушоҳида мекунем, дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад, – гуфт ӯ. – Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд кард, ки камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ва боду ҳавои гарми баҳори имсола, яъне хушксолӣ ба ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва соҳаи чорводорӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон, яъне вилояти калонтарини истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ва ноҳияву минтақаҳои дигар бетаъсир намемонад.

«Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд, ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму ойинҳо, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро қатъиян риоя намоянд», – таъкид дошт Президент.

Дар робита ба адои маросими ҳаҷ Сарвари давлатизҳор намуд, ки бархе тоҷикистониён зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд, дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд.

«Баъзе шахсони олиҳиммату дурандеш то имрӯз, аллакай, чунин карданд, мактабҳо сохтанд, роҳи деҳаашонро таъмир карданд, маркази саломатӣ ва бунгоҳхои тиббӣ бунёд намуданд ва тасаввур кунед, ки чӣ қадар савоби бузург гирифтанд, – қайд кард Президент. – Дуои хайри ин амалашон садсолаҳо ба худашон ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди сарашон, инчунин, ба арвоҳи падару модарашон мерасад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...