Маҳсулоти наздики 150 ширкати Беларус дар намоишгоҳи Душанбе

Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус, ки дар доираи сафари расмии президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон доир гардида, рӯзи 15 май оғоз мегардад, маҳсулоти наздики 150 ширкату корхонаҳои ин кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад. «Намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон чорабинии бузургмиқёстарини Беларус дар хориҷи кишвар тайи панҷ соли охир аст», – иттилоъ мдиҳад Палатаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус, ки дар доираи сафари расмии президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон доир гардида, рӯзи 15 май оғоз мегардад, маҳсулоти наздики 150 ширкату корхонаҳои ин кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад.

«Намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон чорабинии бузургмиқёстарини Беларус дар хориҷи кишвар тайи панҷ соли охир аст», – иттилоъ мдиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Бино ба маълуомти Палата, дар кори намоишгоҳ ширкату корхонаҳои бахшҳои калидии иқтисоди Беларус: соҳаҳои мошинсозӣ ва нақлиёт, кимиё ва нафту кимиё, сохтмон ва кокрарди чӯб, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, илму технология, маориф, нашри китоб ва варзишу сайёҳӣ иштирок мекунанд.

«Маросими ифтитоҳи чорабинӣ санаи 15 май доир гардида, рӯзҳои 16 ва 17 май он барои тамошову боздид дастрас хоҳад буд», – қайд мешавад дар маълумот.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Беларус наздики 40 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 қариб 90 % зиёдтар аст.

Дар сохтори муомилоти мол байни давлатҳо наздики 37 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.