«Кӯҳнаварди ҳаваскор» аз нишебии пурхатар поин оварда шуд

Дар нишебии пурхатари силсилакӯҳҳои деҳаи Диатоши шаҳри Леваканти вилояти Хатлон як ҷавони 27-сола аз ноҳияи Кушониён бо боварӣ ба неруву имкониятҳои худ хост худро дар кӯҳгардӣ санҷад. Вай мехост то 800 метр баланд барояд, вале вақте ба кӯҳ боло шуд, ба ҷойе расид, ки дигар на маҷоли поин шудан дошт ва на боло рафтан. Дигар […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ

Дар нишебии пурхатари силсилакӯҳҳои деҳаи Диатоши шаҳри Леваканти вилояти Хатлон як ҷавони 27-сола аз ноҳияи Кушониён бо боварӣ ба неруву имкониятҳои худ хост худро дар кӯҳгардӣ санҷад.

Вай мехост то 800 метр баланд барояд, вале вақте ба кӯҳ боло шуд, ба ҷойе расид, ки дигар на маҷоли поин шудан дошт ва на боло рафтан. Дигар наметавонист ба роҳаш идома диҳад ва ҳам наметавонист қафо гардад. Ҳолати басо ногувор ва таҳдиди хатар ба ҷони ҷавонашро ҳис кард.

Аммо дар ҳамин ҳолат ба ёдаш расид, ки бояд касони дигарро ба кумак даъват кунад ва бо телефони мобилӣ, ки хушбахтона бо худ гирифта буд, ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон занг зад.

Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони воҳиди наҷоти Раёсат сари вақт расиданд. Ба шарофати амали фаврӣ ин “кӯҳнаварди ҳаваскор” ба зудӣ поин фароварда шуд ва аз хатар наҷот ёфт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдовар мешавад, ки вақте шумо мехоҳед ба сайти куҳ бароед, зарур аст худро дар хадамоти наҷот қайд кунед. Агар танҳо меравед, пас хешовандонатонро дар ҷараён гузоред, бо худ ҳатман телефони мобилӣ дошта бошед, захираи об ва ғизо дошта бошед. Ҳамзамон бо ин одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро риоя намоед.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2017 наҷотдиҳандагони КҲФ бо роҳандозии 654 амалиёт 203 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.