Такмили механизми эъломиясозии даромадҳои мансабдорон

Ҳукумати Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба парлумон пешниҳод намуд. Онҳо ба такмили механизми эъломиясозии даромадҳои мансабдорони давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо равона гардидааст. Бино ба иттилои сомонаи рсамии паатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун раиси кумитаи МН МО ҶТ оид […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба парлумон пешниҳод намуд. Онҳо ба такмили механизми эъломиясозии даромадҳои мансабдорони давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо равона гардидааст.

Бино ба иттилои сомонаи рсамии паатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун раиси кумитаи МН МО ҶТ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода қайд кард, ки лоиҳаи тағйироту илова аз ҷониби ҳукумат ьаҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, кибо Фармони  Президенти Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз он такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдорӣ давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор аст.

Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ байни муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и  назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», Созишномаи кафолатӣ  байни Тоҷикистон ва БАТР оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Кӯлоб ва БАТР оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аъзои Шӯро ҳамчунин Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб, Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ва лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро низ баррасӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио