Қарзҳои мушкилдори бонкҳои Тоҷикистон 100 млн. сомонӣ кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкилдор дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (215 млн. доллар)-ро ташкил доданд.

«Қарзи батаъхирафтодаи низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 апрели соли равон ба 18787,5 млн. сомонӣ баробар аст», – хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди 30%-и қарзҳои батаъхирафтода бо арзи миллӣ – сомонӣ ва беш аз 70%-аш – бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Аз оғози сол ҳаҷми чунин қарзҳо қариб ба миқдори 100 млн. сомонӣ кам шудааст.

Тибқи маълумоти пешакии Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи умумии бақияи қарзҳои низоми бонкӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ 8 млрд. 205 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода дар сандуқи қарзҳо наздики 23%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанде аз бонкҳои Тоҷикистон муддати се сол аст, ки амонатҳои мизоҷони худро дар навбати аввал бо сабаби саривақт ва пурра пардохт нашудани қарзҳои пештар додаашон баргардонида наметавонанд.

Аз ҷумла, «Агроинвестбонк ва «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштани «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» ба чунин мушкилот дучоранд.

Амонатҳои худро аз ин бонкҳо мизоҷон бо қисмҳои хурд мувофиқи ҷадвал мегиранд.

Ба аввали соли равон бақияи умумии амонатҳо дар низоми бонки ҷумҳурӣ беш аз 9 млрд. сомониро ташкил медод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...