Суғд: Раҳпаймоии 20 ҳазор нафар дар ҷашни Рӯзи ҷавонон

Дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии марказии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо раҳпайпоии беш аз 20 ҳазор нафар наврасону ҷавонони саодатманд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” оғоз ёфт. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни […]

asia+, asia+

Дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии марказии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо раҳпайпоии беш аз 20 ҳазор нафар наврасону ҷавонони саодатманд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” оғоз ёфт.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни суханронии худ ҷавонони сарбаланди вилоятро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои  беназир таманно кард.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят беш аз 813 ҳазор нафар ҷавонони синни аз 14 то 30-сола умр ба сар мебаранд, ки аз ин миқдор зиёда аз 405 ҳазор нафари онҳо духтарон  мебошанд. Ҷавонон дар тамоми соҳаҳо – хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, тиҷорату иқтисод, кишоварзиву саноат кору фаъолият намуда, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Аз ҷумла, 656 нафар ҷавонон ҳамчун хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд, ки 30,9%-и хизматчиёни давлатиро ташкил дода, аз онҳо 109 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар мебаранд. 102 нафар ҷавонони пешқадам вакилони мақомоти маҳаллии намояндагӣ, аз ҷумла 93 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 9 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ишора ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир аз қабили терроризм ва экстремизм таъкид кард, ки ҷавонони бонангу номуси вилоят бояд дар мубориза бар зидди шомилшавии баъзе ашхоси роҳгумзада ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Гуфта мешавад, дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби аҳли санъати вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид, ва ҷавонон дар фазои орому осуда ва зери осмони софи Ватани маҳбуб то дергоҳ рақсу бозӣ намуданд. Мушакпаронии  идона ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.