Қарзҳои мушкилдори бонкҳои Тоҷикистон 100 млн. сомонӣ кам шуд

Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкилдор дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (215 млн. доллар)-ро ташкил доданд. «Қарзи батаъхирафтодаи низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 апрели соли равон ба 18787,5 млн. сомонӣ баробар аст», – хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Қобили зикр аст, ки […]

Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкилдор дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (215 млн. доллар)-ро ташкил доданд.

«Қарзи батаъхирафтодаи низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 апрели соли равон ба 18787,5 млн. сомонӣ баробар аст», – хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди 30%-и қарзҳои батаъхирафтода бо арзи миллӣ – сомонӣ ва беш аз 70%-аш – бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Аз оғози сол ҳаҷми чунин қарзҳо қариб ба миқдори 100 млн. сомонӣ кам шудааст.

Тибқи маълумоти пешакии Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи умумии бақияи қарзҳои низоми бонкӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ 8 млрд. 205 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода дар сандуқи қарзҳо наздики 23%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанде аз бонкҳои Тоҷикистон муддати се сол аст, ки амонатҳои мизоҷони худро дар навбати аввал бо сабаби саривақт ва пурра пардохт нашудани қарзҳои пештар додаашон баргардонида наметавонанд.

Аз ҷумла, «Агроинвестбонк ва «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштани «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» ба чунин мушкилот дучоранд.

Амонатҳои худро аз ин бонкҳо мизоҷон бо қисмҳои хурд мувофиқи ҷадвал мегиранд.

Ба аввали соли равон бақияи умумии амонатҳо дар низоми бонки ҷумҳурӣ беш аз 9 млрд. сомониро ташкил медод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.