Аҳли дини Тоҷикистон Эронро ба иғвогарӣ айбдор медонанд

Asia-Plus

Дар сомонаи расмии Кумитаи дини ҷумҳурӣ изҳороти Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нашр шуд.

«Эрон, ки дар ноором кардан ва ба хоку хун кашида шудани чанд кишвари ҷангзада ба мисли Афғонистону Ироқ, Сурия ва Яман даст дорад, аз ин чӣ фоидае дидааст, ки боз мехоҳад тавассути чанд нафар иғвогарони ҳамзабони худ кишвари ободи Тоҷикистонро ноором кунад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, робитаи дӯстӣ бо ҳар кишвар новобаста аз эътиқоду фарҳангаш бояд дар сатҳи олии инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ нисбат ба якдигар бошад, чунки инсон дорои ақлу хирад ва ҳушу идрок аст ва  бояд аз ақлу хиради хеш кор гирад, на ин ки роҳи бадхоҳӣ ва адовату душманӣ паймояд.

«Мо яқинан медонем, ки агар Эрон андаке суд ва манфиат бинад, дар ноором кардани ҳар минтақае нақш мебозад ва сипас корро ба дасти душманони ислому муслимин вогузор хоҳад кард. – қайд мешавад дар изҳорот.

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз Эрон, ба хусус сарони ин кишвар даъвт кардааст, ки «дар баробари муносибати беғаразонаи мо бояд андешаи некбинона дошта бошанд».

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2017 дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон филми мустанади аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳияшуда намоиш дода шуд, ки дар он Эрон маблағгузори асосии куштори собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони варзида Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, адиби маъруф Сайф Раҳим Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 нафар афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон номида шуд.

Дар ин изҳороти Шӯрои уламо зикр мегардад, ки баъди тамошои филм муносибат ба Эрони «Дӯст» куллан тағйир ёфт: «Мутаассифона, дар ин гуфтору кирдори онон ба ҷуз иғвогарӣ чизеро намебинем. Маҳз чунин рафтору кирдор хиёнат ба амонати илоҳӣ мебошад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21 май назди бинои сафорати Эрон дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиорҳои «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» гирдиҳамойӣ оростанд. Миёни тазоҳургарон аксаран ҷавонон ва ҳамчунин занон ҳузур доштанд.

Онҳо аз консул ва намояндагии Эрон дар Тоҷикистон тақозо намуданд, ки сокинони Тоҷикистонро аз Эрон ба ватан баргардонанд, то ки онҳо гумроҳ нашуда, ба амнияти кишвар хатар эҷод насозанд. Гирдиҳамойӣ на бештар аз ним соат давом карда, сипас тазоҳургарон пароканда шуданд.

Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол ба ҳеҷ гунае шарҳ надодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...