Ҷаримаи савдогарони ҳадяҳо бо аксҳои Каримов дар Самарқанд

Дар Самарқанд фурӯшандаҳои аксҳои президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро ҷарима карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар пайи як рейди рӯзи 20 май дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон фурӯшандагоне боздошт шуданд, ки ба тиҷорати тақвимҳо ва дигар савғотиҳои дорои акси президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов машғул буданд. Як манбаъ аз идораи фарҳанг ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Самарқанд фурӯшандаҳои аксҳои президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро ҷарима карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар пайи як рейди рӯзи 20 май дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон фурӯшандагоне боздошт шуданд, ки ба тиҷорати тақвимҳо ва дигар савғотиҳои дорои акси президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов машғул буданд.

Як манбаъ аз идораи фарҳанг ва варзиши вилояти Самарқанд гуфтааст, соҳибони 12 мағоза, ки бо фурӯши чунин тақвимҳо ва армуғонҳо машғул буданд, ҷарима шуданд.

Тошпулод Раҳматуллоев, блогнавис аз Самарқанд иброз доштааст, кибисёре аз армуғон ва тақвимҳо бо акси президенти пешин бо сифати паст сохта шуда, ғайр аз ин, дар навишти онҳо бисёр хатогиҳои дағал ба мушоҳида мерасанд.

Рӯзноманигор Каримбердӣ Турамурод зикр кардааст, ки бархе аз фурӯшандаҳо сари қабри Ислом Каримовро ба як манбаи даромад табдил додаанд.

Яке аз савдогарони савғотиҳои истеҳсоли дастӣ иқрор шудааст, ки ба туфайли ин тиҷорат рӯзгори оилаашро таъмин мекунад. «Ба туфайли ин тиҷорат ман ба хона бо ду нон бармегардам. Барои ман ин сарчашмаи дарёфти восита барои таъмини рӯзгори оилаам мебошад», – гуфтааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.