Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон насабашро ба Муҳриддин иваз кард

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов насаби шакли русиашро ба тоҷикӣ иваз намуд.

Ивази насабро ӯ ҳанӯз соли гузашта оғоз намуда, аммо бо сабаби серкориву иштирок дар чорабиниҳои байнулмилалӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар, танҳо акнун муяссар шудааст, ки насабашро ба Муҳриддин иваз намояд, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи Вазорат доир ба вохӯрии вазир бо намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонони “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи ҷавонон номи ӯ Сироҷиддин Муҳриддин зикр шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ вазир ҷавононро табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки сиёсати хориҷӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян гардида, тариқи Вазорати қорҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.

Тамоили ивази ному насаб аз русӣ ба тоҷикӣ пас аз ному насабашро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намудани сарвари давлат дар соли 2007 бештар фаъолтару густарда гардида, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ӯ пайравӣ карданд. Аммо баъди чанде онҳо аз Русия ба ватан баргашта, боз ному насаби пешинаи шакли русии худро барқарор кардан гирифтанд.

Моҳи январи соли 2014 он замон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки солҳои охир  даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ  зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд. Баъди ин изҳорот мавҷи навбатии ивази ному насаб дар Тоҷикистон рӯйи кор омад.

Пас аз изҳороти прокурори генералӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки даст кашидан аз пасвандҳои русӣ дар ному насаб «қарзи миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон» аст. Пас аз ин аксари мансабдорони воломақоми давлатӣ ному насабҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...