Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии даъвои собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов нисбати ВКД Тоҷикистон баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.9853 сомонӣ; 1 евро […]

АНОНС

– Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии даъвои собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов нисбати ВКД Тоҷикистон баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9853 сомонӣ;

1 евро – 10.5110 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1456 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1925 – Шумораи нахустини рӯзномаи «Комсомольская правда» нашр шуд.

2011 — Дар Тоҷикистон Маркази пайванд (трансплантатсия)-и узвҳои бадан ва бофтаҳо ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Миёна нахустин аст.

1915-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумӣ Раъно Ғолибова.

1924 – Зодрӯзи профессор Содир Форсихонов.

1928-1993 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Саймуддин Бурҳонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +7+12.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +20+25.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.