Як донааш ҳазор сомонӣ: кӣ дар Тоҷикистон гулҳои гаронтаринро парвариш мекунад

Дилшод Раҳмонов, махсус барои Asia-Plus

Замоне агар дар хотиратон бошад, аз Белгия ба ҷумҳурӣ дарахтону гулҳо меоварданд. Мо бо ошуфтагӣ ҳисобу китоб мекардем, ки барои онҳо чӣ қадар маблағ сарф шуда бошад. Акнун барои ин зарурат намонд – боғпарваре дорем, ки кабудизоркунӣ (сабзгардонӣ)-и саросари кишварро танҳо бо нерӯи худ ният дорад.

Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо) мо шуморо бо профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Ҳоҷинеъмат Усмонов шинос карданием, ки натанҳо растаниҳои нодири кишвар, балки гаронтарини онҳоро низ парвариш мекунад. Гулҳои ӯ аз 10 то 100 сомонӣ нарх доранд. Маҳз дарахтони ороишӣ ва гулҳои ӯ Кохи миллати моро зебу зинат медиҳанд.

Ҳамчунин боғи ӯ дар шаҳри Турсунзода ҷойи таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ аст. Маҳз назди ӯ донишҷӯён аз боғдорӣ, роҳу воситаҳои беҳтар кардани ҳосил ва мутобиқгардонии ниҳолу буттаҳои воридшуда ба кишвар сабақ меомӯзанд.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед! Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст! Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...