«Хуҷанд» – «Истиклол» 4:3. Рақобат шиддат мегирад

Asia-Plus

Дар бозии асосии даври дуюми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе 8500 нафар тамошобинон шоҳиди бозии шавқовар шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аллакай то дақиқаи 24-ум меҳмонон ду тӯбро ворид дарвозаи мизбонон намуда, дар идома хуҷандиҳо дар зарфи 4 дақиқа ҳисобро баробар карданд, вале ба душанбегиҳо муяссар шуд, ки қисми аввали бозиро ба фоидаи худ – бо ҳисоби 3 бар 2 анҷом диҳанд.

Гуфта мешавад, дар қисми дуюми бозӣ бо дастгирии мухлисон ба футболбозони «Хуҷанд» муяссар шуд, ки боз ду тӯби дигарро ба ҳадаф расонида, бар душанбегиҳо бо ҳисоби 4 бар 3 дастболо шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди ин ғалаба «Хуҷанд» бо касби 23 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифта, «Истиқлол» аз хуҷандиҳо се имтиёз камтар ва як бозии мавқуфгузошта дорад. Рақобат байни «Хуҷанд»-у «Истиқлол» барои дарёфти медали тиллои мусобиқа шадидтар мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон

 

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

21-10

23

2

«Истиқлол» (Душанбе)

9

6

2

1

17-10

20

3

«Хатлон» (Бохтар)

9

4

1

4

11-10

13

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

9

3

3

3

9-12

12

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

2

5

1

12-13

11

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

2

3

4

12-13

9

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

9

1

3

4

5-12

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

9

1

1

7

4-11

4

                 

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...