Нашъаҷаллоби қаблан 18 сол маҳкумшуда боз барои ҳамин амал 17 сол ҷазо гирифт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини 48-солаи ноҳияи Фархор Файзулло Қалуғшоевро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Қалуғшоев қаблан низ ба иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқ гунаҳкор эътироф гардида, ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди ба озодӣ баромадан, боз ба шуғли ғайриқонунии пешинааш даст задааст.

«Дар ҷараёни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар гузаргоҳи «Қӯштегирмон»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд автомашинаи КамАЗ таҳти идораи ронанда С.Назаров боздошт ва аз он дар маҷмӯъ 65 бастаи дорои 120 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва афюн дарёфт мегардад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки ин миқдори маводи мухаддирро Қалуғшоев ва ҳаммаслакаш – собиқ капитани комиссариати вилояти Суғд К.Ниёзов барои фурӯш аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҷангалӣ харидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки Файзулло Қалуғшоев 1 августи соли 2017 дар қаламрави ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ӯро ба 17 сол ва ҳаммаслаконаш – К.Ниёзов ва С.Назарзодаро ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.